Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд шинос шуд

Январь 12, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, чун «Сомон гурӯҳ», «Нассоҷи Хуҷанд», «Суғдиён», «Ҷавонӣ», «Садаф» ва ғайраҳо боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Зимни боздид Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ҷорисозии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда суҳбат намуд.

Зикр шуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд.

Ба зикри Шералӣ Кабир,  ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар самти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда саноатчиёни шаҳри Хуҷанд иқдом намуда, барои рушди соҳа ҳисса мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд 165 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1 492,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Январь 12, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд