Собиқ котиби якуми Кумитаи Марказии комсомол Борис Пастухов, ки бисёр чизҳо дар Тоҷикистон ба номаш пайванданд, даргузашт

Январь 20, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Котиби якуми КМ ВЛКСМ, дипломат ва вакили даъватҳои сеюм ва чоруми Думаи давлатӣ Борис Пастухов дар синни 88 даргузашт. Дар ин бора имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Борис Николаевич Пастухов 10 октябри соли 1933 дар Москва таваллуд шудааст. Вай дар мактаби 584-уми Москва таҳсил ва онро хатм кардааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Бауманро хатм кардааст. Дар солҳои 1959-1991 узви ҲКИШ буд.

Соли 1958 котиби дуюм ва соли 1959 котиби якуми комитети комсомоли ноҳияи Баумани шаҳри Москва буда, аз соли 1961 котиби дуюм ва аз соли 1962 — котиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Москва буд.

Соли 1964 — котиби Кумитаи Марказии комсомол ва аз соли 1977 то 1982 — котиби якуми Кумитаи Марказии комсомол.

Солҳои 1982-1986 ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба табъ ва нашр, полиграфия ва савдои китоб кор кардааст.

Номзад ба узвияти КМ ҲКИШ (1966-1978). Узви Кумитаи Марказии ҲКИШ (1978-1986).

Солҳои 1986-1989 — Сафири фавқулода ва мухтори ИҶШС дар Дания, солҳои 1989-1992 — Сафири фавқулода ва мухтори ИҶШС дар Афғонистон.

Аз соли 1992 муовини вазир, аз соли 1996 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия.

1998-1999 — вазири Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ.

Воқеан, соли 1999 вазири Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ Борис Пастухов бо сафари расмӣ ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ташриф овард. Сипас ӯ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва омодагии сафари Пешвои Тоҷикистонро ба Москва баррасӣ карданд.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон Борис Пастуховро дар хотир доранд. Собиқ раиси палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, ки миёнаи солҳои 80-ум котиби Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон буд, ба рӯзноманигорон мегуфт, ки комсомол, аз ҷумла дар солҳои роҳбарии Борис Николаевич, мактаби тарбияи меҳнатдӯстӣ, сифатҳои олии инсонӣ ва роҳхат ҷиҳати оғози зиндагӣ барои чандин насли тоҷикистониён буд.

Комсомол воқеан таърих меофарид. Дар мавриди Тоҷикистон- ин Неругоҳи барқи обии Норак ва корхонаи азими истеҳсоли алюминий ТадАЗ мебошанд, ки то ҳол дар Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд, инчунин талошҳои ҳарсола дар майдонҳои пахтаи ҷумҳурӣ барои ҳосил. Дар омади гап, деҳаи Солони дар ҳудуди кишвари Хабаровск бо неруи комсомолони Тоҷикистон, ки бо даъвати комсомол ба тайга рафта буданд, сохта шудааст ва ба киштии зериобии лоиҳаи 877 «Палтус» номи ифтихории «Комсомоли Тоҷикистон» дода шуда буд.

Дар бораи худи комсомолҳо бояд гуфт, ки аксари онҳо ходимони намоёни ҳизб ва давлат, олимони машҳур, нависандагон, рассомон ва мутахассисони ботаҷриба дар бисьёр соҳаҳо гардидаанд.

Соли 1997, вақте ки дар Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, Борис Пастухов ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии Россия кор мекард. Вай дар таҳия ва имзои ин санад, ки барои давлат ва халқи тоҷик воқеан тақдирсоз гардид, саҳми калон гузоштааст. 7 октябри соли 2016 Пастухов дар мусоҳиба бо рӯзномаи русии «Комилан махфӣ» формулаи сулҳ, ризоият ва бунёдкории Президенти Тоҷикистонро беназир номид. Ба ақидаи ӯ, он метавонад дар Афғонистон ва дигар нуқтаҳои доғи сайёра татбиқ карда шавад.

                                                                             АКСИ: «РИА Новости»

Январь 20, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид