«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» имрӯз дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дод
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.
Бояд зикр кард, ки моҳи марти соли 2020 бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд муваққатан қатъ гардида буд.
Парвозҳои мунтазам байни ду ҳамсоядавлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кай барқарор мешаванд? Дар посух ба ин саволи хабарнигори «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфт, ки дар ин масъала байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд.
Алҳол дар хатсайри Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






