«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» имрӯз дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дод

Январь 5, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд. Парвози махсус  аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.

Бояд зикр кард, ки моҳи марти соли 2020 бар асари паҳншавии  бемории сироятии COVID-19 парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд  муваққатан қатъ гардида буд.

Парвозҳои мунтазам байни ду ҳамсоядавлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кай барқарор мешаванд? Дар посух ба ин саволи хабарнигори  «Ховар»  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода гуфт, ки дар ин масъала байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки   шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо  ба роҳ монда шаванд.

Алҳол дар хатсайри  Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

Январь 5, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд