11 коргари сарбанди Пошдон дар вилояти Ҳирот аз ҷониби ҳаракати «Толибон» рабуда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакил Аҳмад Кархӣ, узви Шӯрои вилояти Ҳироти Афғонистон, 15 феврал гуфтааст, ки «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дирӯз 11 коргари сарбанди Пошдонро дар вулусволии Кархи ин вилоят рабудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Ҷаноби Кархӣ афзудааст, ки ин коргарон ҳангоме, ки дар як канал дар наздикии сарбанди Пошдон кор мекарданд аз сӯи «Толибон» рабуда шудаанд.
Ба гуфтаи Кархӣ то ҳол «Толибон» чаҳор нафар аз коргаронро раҳо кардаанд, аммо ҳафт нафари дигар ҳанӯз дар боздошт ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, волии Ҳирот Сайид Воҳид Қаттолӣ рабуда шудани коргаронро тасдиқ кард, аммо дар бораи шумораи рабудашудаҳо чизе нагуфт.
Инчунин шабакаи телевизиони tolonews.com. хабар додааст, ки шаби гузашта (15 феврал) «Толибон» ба як посгоҳи неруҳои хезиши мардумӣ дар вулусволии Имом Соҳиб ҳамла намудаанд.
Холид Ҳакимӣ, узви Шӯрои вилояти Кундуз гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла 7 тан аз неруҳои хезиши мардумӣ ҷон бохтаанд ва 4 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
«Толибон» ҳанӯз ин ҳодисаҳоро шарҳ надодаанд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






