ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Комилҷон Раҳмонов дар Вахш бо усули муосири меъморӣ майдончаи варзишӣ месозад
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тепалиқи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкор Комилҷон Раҳмонов майдончаи варзишӣ бо усули муосири меъморӣ ба истифода дода мешавад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни сохтмони майдончаи варзишӣ боздид намуд.
Гуфта шуд, ки майдончаи варзишӣ дар асоси лоиҳа бо усули муосири меъморӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта мешавад. Барои бунёди иншоот сарфи 280 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар майдончаи варзишӣ шароити хуби хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад. Баъди пурра ба кор оғоз намудани майдончаи варзишӣ бо фарогирии мураббиён ва ҷавонони шаҳраку деҳот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят вобаста ба болопӯш кардани майдонча ва ободонии атрофи он ба масъулин тавсияҳо дод.








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






