Ҳабибулло Воҳидзода: Мақсади Агентӣ гирифтани пеши роҳи воридшавии маводи нашъадор ба Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақсади Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки зимни гузаронидани амалиёти муштарак оид ба муайян кардани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ пеши роҳи бо роҳи қочоқ ворид шудани маводи нашъадор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад. Ҳоло Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо маводи нашъадор дар соли 2021-2030 аз ҷониби Агентии мо омода шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Тамоми фаъолияти Агентӣ дар асоси ин Стратегия ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ибрози назар намуд.
Зимни нишаст зикр шуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби Агентӣ 144 (с.2019-131) ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 13 ҷиноят ё 9,9 фоиз зиёд мебошад. Аз инҳо 97 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят оид ба фасодхона, 6 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор буда, боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.
Ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” дар мавриди моҳи январи соли 2020 дастгир гардидани гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ Ҳабибулло Воҳидзода посух дод, ки “дарвоқеъ, аз ҷониби кормандони Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташ қатъ гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 44 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Ба ин гурӯҳ як нафар шаҳрванди Афғонистон ва ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ мебошанд”.
Сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии мазкур, генерал-майор Ҳотамшо Маҷидзода ба ин саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” муфассалтар посух дода, зикр кард, ки “роҳбар ва аъзои гурӯҳи мазкур шаҳрванди Афғонистон Амири Аваз ва ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Хусрав Назаров ва Эмомалӣ Тиллоев дар шаҳри Душанбе ду хонаи истиқоматиро иҷора гирифта, ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул будаанд. Нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳоро Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлатҳои 15 ва 19 сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Як нафари дигар- Акбар Расулов айни замон дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад”,-зикр кард Ҳ. Маҷидзода.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






