Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қочоқи телефонҳои мобилиро ошкор намуд

Февраль 12, 2021 14:33

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби қочоқи телефонҳои мобилӣ нисбат ба Саидов Абдурауф Пирназарович парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Абдурауф Саидов бо маслиҳати пешакӣ бо «Шолочо» ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон 1 июли соли 2020 ба миқдори 20 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Samsung Galaxy A10S», 20 адад «Samsung Galaxy A51», 20 адад «Redmi Note 8», 80 адад «Redmi Note 9» ва 20 адад «Redmi Note 9S»-ро бо роҳи кочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Мутобиқи хулосаи ташхис, арзиши умумии телефонҳои мобилии болозикр 345 640 сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин нисбат ба Саидов А.П. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Февраль 12, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд