Агентии «Тоҷикстандарт»: воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти «Тоҷикстандарт»-и Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ба қаламрави мамлакат дар соли гузашта хабар медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти «Тоҷикстандарт» дар соли сипаригардида зикр намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар соли 2020 2 миллиону 355 ҳазору 256 кг маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шуда, ки 1 миллиону 708 ҳазору 932 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 646 ҳазору 324 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз ин рӯ нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагон тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳои маъмурӣ андешида шудаанд.
Ҳамзамон дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ беш аз 450 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазору 681 кг равғани растанӣ, беш аз 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 26151 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, қариб 45 ҳазор кг маҳсулоти қаннодӣ, зиёда аз 8,4 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 141 ҳазору 225 кг чой, какао, қаҳва, зиёда аз 10 ҳазор кг иловагиҳои ғизоӣ, қариб 180 ҳазор кг намак, 38 ҳазор кг консерваҳо, 1033 кг қанду набот, 2738 кг маҳсулоти макаронӣ, 7872 кг орди гандумӣ, 103 840 дона қандакҳои чинӣ, 45072 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шудаанд. Таъкид гардид, ки қисмати бештари маҳсулоти ғайристандартӣ арзёбӣ гардида маҳсулоти воридотӣ маҳсуб мешаванд.
Зикр шуд, ки дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар ин давра фаъолият тақвият дода шуда, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифат аз тарафи нозироти савдо дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 6853 субъекти хоҷагидор санҷиш ва аз назорати қоидаҳои савдо гузаронида шудааст.








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






