Амалиёти шартии «Корд»: Беш аз 30 адад силоҳи сард мусодира ва фурӯшандаи он ҳабс гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар фурӯшанда ва паҳнкунандаи ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз қабили кордҳои гуногунтамға муайяну ошкор ва фурӯшандаи он дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
21 феврали соли равон зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Эмомов Алиакбар Сафарович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши ашёи таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.
Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.
Зимни пурсиш шаҳрванд Алиакбар Эмомов изҳор дошт, ки ашёи зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯш гузоштааст, ки онро асосан ҷавонону ноболиғон мехаридаанд.
Воқеан ҷовонону ноболиғон ин қабил ашёро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ мехаранд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Алиакбар Эмомов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






