Анатолий Сидоров: Шумораи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз 75 ҳазор бештар аст
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз оид ба “Натиҷаҳои омӯзиши якҷояи мақомоти идоракунӣ ва ташаккули неру ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барои соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021″ нишасти матбуотӣ дар шакли онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳоло шумораи ҷангҷӯёни “Толибон” дар Афғонистон қариб ба 70 ҳазор мерасад. Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ» ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ҳастанд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ин гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ мебошад. Гуфта шуд, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери назорати худ гирифтаанд ва бештар дар шимол, ҷануб ва ҷанубу шарқи ин ҷумҳурӣ фаъол шудаанд.
Шумораи умумии ин гурӯҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳалли вазифаи ягонаи фаврӣ ва стратегӣ соли 2021 маҷмӯи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, машқҳои муштараки фаврӣ-стратегии «Бародарии низомӣ-2021», ки омодагии ҷузъҳои гуногуни Қӯшунҳои СААД (Қувваҳои дастаҷамъӣ)-ро муттаҳид мекунад, машқҳои махсус бо неру ва воситаҳои иктишофии «Поиск-2021»; машқҳои махсус бо неру ва воситаҳои таъминоти моддию техникии қӯшунҳои (Неруҳои дастаҷамъии) СААД «Эшелон-2021»; машқҳои муштарак бо Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД «Интераксия-2021» баргузор мешаванд. Зикр гардид, ки ин тамринҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ҳамзамон дар марҳилаи ниҳоии машқи муштараки фаврӣ-стратегӣ дар қаламрави Федератсияи Россия машқҳои муштарак бо неруҳои посдори сулҳи СААД «Бародарии вайроннашаванда-2021» ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳалли пас аз низоъ дар минтақаи буҳрон бо роҳи гузаронидани амалиёти сулҳ баррасӣ мешаванд.
Дар хотима Анатолий Сидоров таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хусусияти сирф мудофиавии ҳамкории низомӣ дар қолаби СААД ҷалб намуда, гуфт, ки кишварҳои узви СААД ният доранд муҷаҳҳазгардонии Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД-ро бо силоҳҳои муосир, техникаи низомӣ ва махсус барои таъмини омодагии баланди ҷангии онҳо бо мақсади муқовимати самаранок бо таҳдидҳои нав идома диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд






