Андозсупорандагони Тоҷикистон метавонанд дар коркарди лоиҳаи Кодекси андоз иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молияи Тоҷикистон ба андозсупорандагон муроҷиат кардааст, ки пешниҳодҳои худро ба лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози ҷумҳурӣ пешкаш намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, муроҷиатномаи дахлдор дар сомонаи идораи мазкур интишор ёфтааст.
Дар муроҷиатнома омадааст, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни нав гурӯҳи кории байниидоравӣ дар якҷоягӣ бо мушовирони байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони сохторҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва бахши хусусӣ иштирок мекунанд. Инчунин зикр шудааст, ки лоиҳаи санад, ки дар таҳияи он таҷрибаи ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шудааст, муқаддамотӣ буда, минбаъд ба таври иловагӣ коркард ва такмил дода хоҳад шуд.
«Аз шумо хоҳиш мекунем, ки пешниҳодҳои худро тибқи намунаи дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks нашршуда ва ё ба таври хаттӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоед», — омадааст дар муроҷиатнома.
Пешниҳодҳоро то 25 феврали соли равон фиристодан мумкин аст. Баъдан, лоиҳаи Кодекси андоз барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол хоҳад шуд.
Кодекси амалкунандаи андози Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2012 тасдиқ шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси нави андози кишвар, тавре ки интизор меравад, соли равон қабул хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат 26 январи соли ҷорӣ аниқ карданд, ки ислоҳоти нав бояд, пеш аз ҳама, соҳибкорони ватаниро дастгирӣ кунанд ва «монеаҳои дар сари роҳи онҳо мавҷударо бартараф кунанд ”.
АКСИ АМИТ «Ховар»









«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






