«Артиш -пояи устувори давлат», «Оё нобудшавии ҳайвоноти нодир иқлимро тағйир медиҳад?», -шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Февраль 19, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ҷумҳурият»-нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 35 (24 142) чоршанбе, 17 феврали соли 2021 аз ҷараёни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои  сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол» гузориш интишор намудааст, ки дар он омадааст: «16 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд. Бо иштироки Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд. Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд. Имрӯз 36 адад дарахти секвойяи калифорниягӣ, ки бисёр нодир асту 3000 сол умр мебинад, ду тарафи даромадгоҳи Боғи Майдони «Истиқлол»-ро оро медиҳад. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта мешавад. То имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст. Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони “Истиқлол” 11 ҳазор метри мураббаи он аз рӯи нақша сабзкорӣ карда мешавад. Оянда дар ҳудуди боғи Майдони “Истиқлол” бо ворид кардани дарахтони нодири сояафкану ороишӣ аз кишварҳои аврупоии ба минтақа мутобиқ шинонида мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд. Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

Рафти бунёди Майдони «Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин рӯ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карданд.

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» ҳамзамон таҳти унвони «Тоҷикистон: ислоҳот ва дурнамои  бахши энергетика» мавод чоп гардидааст, ки дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа доир ба раванди ислоҳот дар бахши энергетика мушкилоту ташаббусҳои вазорат дар ҳалли онҳо ва дурнамои бахши энергетикаи Тоҷикистон  изҳори  назар намудааст.

Муштариёни нашрияи расмии «Чумҳурият» имкон доранд аз ин шумораи рӯзнома хабару гузоришҳоро доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон мутолиа намоянд.

«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «22 (4284), панҷшанбе, 18 феврали соли 2021  дар радифи чопи хабару мақолаҳо вобаста ба фаъолияти Парлумони  мамлакат, ҳамзамон аз ҷараёни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои  сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол» гузориши муфассал нашр намудааст. Инчунин хонандагони нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» аз ин шумора имкон доранд мақолаҳоро, ки таҳти  унвони «Тоҷикистон ба Консепсияи  миллии сиёсати  хориҷи устувор аст», «Оё нобудшавии ҳайвоноти нодир иқлимро тағйир медиҳад?», «Дунявият- муҳтавои ҳукумати мардумсолор», «Ҳар як амалашон намунаи ибрат аст» ва дигар хабару гузоришҳоро,  ки аз ҷараёни баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои  давлатӣ таҳия гардидаанд, мутолиа созанд.

«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №7 (20288), чоршанбе 17 феврали соли 2021, дар баробари нашри хабарҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақолаҳоро зери унвони «Послание  Лидера нации –стратегическое руководство», «Место и роль Республики Таджикистан в процессе трансформации «Шанхайской пятерки» в ШОС», «Человек с большой буквы», «Они выполняли  интернациональный долг», «М. Гулов: «Освобождение аграриев от налогов улучшит ситуацию с ценами на продукты», «Уникальные туристические ресурсы Бадахшана», «Лутфия Абдулхоликзода: «Поддержка Главы государства обязывает женщин активно участвовать в развитии страны» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ интишор намудааст.

«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар №7 (1301) чоршанбе, 17 феврали соли 2021 дар саҳифаи аввал роҷеъ ба ниҳолшинонӣ дар майдони «Истиқлол» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин мақолаҳои хонданбоб чоп намудааст, ки «Вазифаҳои муҳими ҳизбиён», «Узви ҲХДТ будан ҳам ифтихор аст ва ҳам масъулият», «Артиш- пояи устувори давлат», «Амнияти иттилоотӣ-амнияти миллист», «Сарфаи барқ ва истифодаи босамари энергия», «Нақши омӯзгор дар пешгирии хатарҳои муосир», «Сеҳру ҷоду бадбахтӣ меорад» аз ҳамин қабиланд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд