Ба шарафи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Сангвор бо хизматчиёнии ҳарбӣ мулоқот доир шуд
САНГВОР, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ноҳияи Сангвор ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо хизматчиёнии ҳарбӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода сарбозони шуҷои ватанро бо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай намуд. Ҳоло он қодир аст амнияти давлату миллат ва марзу буми кишварро пурра ҳифз намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Чунки имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои истиқлоли худро мебинанд. Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромию ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамоянд».
Дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як гурӯҳ сарбозону афсарони ин қисми низомӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, барои аскарбачагон дастархони идона ва барномаи консертӣ доир шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов гуфт, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Сангвор барои ҳавасманд гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дари худро ба рӯи хонандагони муассисаҳои таълимӣ боз мекунад. Дар асоси нақшаю чорабиниҳои бахши ҷавонони ноҳия хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла ҷои хоб, китобхона, утоқҳои таълимӣ, ошхонаву хонаи фароғатӣ, синфхонаи технологӣ, анборхонаи захираи озуқаворӣ, майдончаи машқҳои тактикию амалӣ, ошхона, китобхонаю бунгоҳи тиббӣ ва мошинҳои низомӣ шинос мегарданд.










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






