Барно Саидвализода: Бинобар саркашӣ аз пардохти алимент нисбат ба 243 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид

Февраль 5, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ бинобар бадқасдона саркашӣ  намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз карда шудаанд.

Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд,  ки аз 11 330 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ  ворид гардидаанд ва ситониши давравиро пешбинӣ менамоянд, бо 11 154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуда, 9 адади он бо дархости ситонандагон баргардонида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ гардида, 8 адад тибқи тобеият ба дигар иҷрочиёни Хадамот, 154 адад ба муҳосиботи ҷойи кор ва 2 адад ба муҳосиботи ҷои адои ҷазои қарздорон ирсол гардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз намуд.

Дар нишаст зикр шуд, ки истифода ва ҷорӣ  намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар самти истеҳсолоти иҷро дар фаъолияти Хадамот аз манфиат холӣ  набуда, барои иҷрои саривақтӣ  ва босифати санадҳои судӣ  ва санадҳои дигар мақомот мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад Хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (012) баҳри омӯзиши таҷрибаи  пешқадами дигар давлатҳо ҳамкориро идома дода,  инчунин бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия ва ба имзо расонид. Лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия таҳия ва мувофиқа гардида, дар арафаи ба имзо расист.

Барно Саидвализода зикр намуд, ки айни ҳол дар Хадамот 45 нафар занону духтарон дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  барои  баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ба таври дахлдор ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  дар самти иҷрои санадҳои судӣ  аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  интихоб гардид.

Соли 2020 ба дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо  47 971 мавод ва арзу  муроҷиатҳои шахсони воқеию  ҳуқукӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ  ва санадҳои дигар мақомот ворид гардиданд.

Аз ин шумора дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 44 714 ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 34 192 адади он аз мақомоти судӣ, 10 468 адад аз дигар мақомот ва 54 навиштаҷоти нотариалӣ  ба маблағи  умумии зиёда аз 1,6 млрд  сомонӣ, 12,5 млн доллари ИМА, 22,3 млн рубли Федератсияи Россия, 656 219 суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  4000 соми Ҷумҳурии Қирғизистон ва 2 146 рубли Ҷумҳурии Беларус ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз карда шуд.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ карор дода, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ  меандешад.

Февраль 5, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид