Барои пойгаи ғайриқонунӣ ронандагони автобус ҷарима ва аз кор озод шуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби милитсияи пойтахт муроҷиат ва навори ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ирсол намудаи як нафар сокини пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, муайян карда шуд, ки ду ронандаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилашон мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳамдигар пойга намуда, ҳолати садамавӣ ба миён овардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандагони мазкур шаҳрвандон Бердиев Саидмумин Баҳриддинович-ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 0023ТТ05 ва
Закиров Абдусалом Турсунқулович — ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 8231 ТТ 05 мебошанд.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳарду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Тибқи муқаррароти ин модда, барои кирдори содирнамуда ба ҳар ронанда дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Ҳамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус 1» ва «Автобус 3» ронандагон Саидмумин Бердиев ва Абдусалом Закиров аз вазифаи ронандагӣ озод карда шуданд.
Илова бар ин, барои беназоратӣ, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ронандагон оид ба рияои ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ нисбат ба нозирони бехатарии ҳаракати роҳи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус 1» ва «Автобус 3» тибқи талаботи моддаи 341 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд аз ҷониби ронандагони дигар такрор накардани ҳолатҳои мазкур амрномаҳои БДА супорида шуданд.
Бо истифода аз фурсат, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрванде, ки худро бетараф нагирифта, ҳолати пойгаи ронандагонро наворбардорӣ ва ҷиҳати баррасӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намудааст, изҳори сипос намуда, аз дигар шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия дар иртибот бошанд.








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






