Чеварони тоҷик аз коршиносони ширкати «Skilift Consulting»-и Ҳиндустон тарзу василаҳои дӯхти либос меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тиҷорати байналмилалӣ барои 34 нафар мутахассисони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон зарфи шаш рӯз давраҳои омӯзишӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти чеварон ва баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии кори онҳоро баргузор менамояд. Ин мутахассисон дар оянда ба ҳайси мураббӣ донишҳои андӯхтаашонро ба ҳамкоронашон талқин менамоянд. Давраҳои омӯзишӣ охири моҳи феврал дар Душанбе ва аввали моҳи март дар Хуҷанд аз ҷониби коршиносони ширкати консалтингӣ аз Ҳиндустон — Skilift Consulting таҳия ва дарс дода мешаванд.
Ҳадафи ин давраҳо — омӯзиш додани равандҳои навтарини тарзу василаҳои дӯхти либос ба кормандони маҳаллӣ мебошад. Чеварон донишу маҳорати худро доир ба тарз ва раванди дӯхти либос сайқал дода, роҳҳои ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтар аз тариқи тағйир додани ҷараёни истеҳсолотро меомӯзанд. Дар баробари назария, гурӯҳи иштироккунандагон бо тамринҳои амалӣ доир ба мудирияти кормандон ва методологияи баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дӯзандагон фаро гирифта мешаванд.
Мутахассиси ширкати Skilift Consulting Нантакумар Кандасамӣ мегӯяд, ки қарор аст ширкаткунандагони ин давраҳо донишҳояшонро ба ҳамкоронашон дар корхонаҳо ва донишгоҳҳо омӯзонанд. Ӯ мегӯяд: «Ҳадафи мо таълими равандҳои муосири тарзу василаҳои дӯхти либос ба чеварони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Бо истифода аз ин донишу малакаҳои нави ҳосилшуда мо интизор дорем, ки маҳсулнокиии кор дар ширкатҳо беш аз 20 фоиз боло меравад».
Инчунин мутахассисони Skilift аз 8 то 12 марти соли 2020 аз ширкатҳои шарики МТБ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд боздид мекунанд. Дар доираи ин ибтикор, ширкатҳои дӯзандагие, ки дар давраҳои омӯзишӣ иштирок намудаанд, нақшаи семоҳаи фаъолияти худро барои амалисозиии методологияи тренингҳо дар дохили ширкатҳо омода мекунанд.
Барномаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) – барномаи чаҳорсола буда, дар доираи он ба ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Миср, Марокаш ва Тунис кумак расонида мешавад. Ҳадафи барнома пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имконияти даромад ва ҷойи кор мебошад.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






