COVAX БА ИНТИҚОЛИ ВАКСИНАҲОИ ЗИДДИ COVID-19 ШУРӮЪ МЕКУНАД. Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксина хоҳад гирифт

Февраль 17, 2021 13:58

ДУШАНБЕ, 17.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Механизми байналмилалии COVAX нақша дорад, ки интиқоли ваксинаҳои зидди коронавирусро охири моҳи феврал оғоз кунад, вале қисми асосии онҳо моҳи март тақсим карда хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар варақаи матбуотии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Эътилофи ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва эмкунӣ (GAVI), Эътилоф оид ба инноватсияҳо дар соҳаи таъмини омодагӣ ба эпидемияҳо (CEPI) ва Хазинаи кӯдакони СММ ( ЮНИСЕФ), ки 16 феврал дар Женева паҳн карда шуд,  хабар дода шудааст.

«COVAX интизор дорад, ки ҳаҷми асосии марҳилаи аввали интиқол моҳи март хоҳад буд»,-гуфта мешавад дар иттилоия. Дар баробари ин, «интиқоли бармаҳали муайян» охири моҳи феврал анҷом дода мешавад.

Тавре дар варақаи матбуотӣ омадааст, маълумот дар бораи он, ки чи гуна таъминоти ваксина дар семоҳаҳои якум ва дуюми соли ҷорӣ сурат мегирад, 22 феврал ба ҳамаи иштирокчиёни COVAX фиристода мешавад. Барои имконпазир шудани таъминот аз иштирокчиёни механизм хоҳиш карда мешавад, ки якчанд шартҳоро иҷро кунанд, бахусус ваксинае, ки тавассути COVAX дода мешавад, бояд аз танзимгарон дар кишварҳо иҷозат гиранд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Наврӯз Ҷаъфаров зимни суҳбат бо мухбири АМИТ “Ховар” Нарзулло Ализода иброз дошт, ки айни ҳол яке аз истеҳсолкунандагони ваксина тавассути механизми COVAX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард, ки омода аст дар мадди аввал зиёда аз 732 ҳазор вояи ваксинаи истеҳсоли ширкати АstrаZeneca-ро ба Тоҷикистон  ирсол намояд.

“Дар марҳилаи аввал 20%-и аҳолӣ, яъне кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбӣ доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, ба эмгузаронӣ фаро гирифта мешаванд”, — илова намуд ӯ.

Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, бо мақсади самаранок гузаронидани ваксинатсия ба рӯйхати истеҳсолкунандагони маводи иммунобиологӣ, махсусан ваксинаҳо гурӯҳи синни то 18-сола шомил намешавад. “Бинобар ин, дар ин самт аз ҷониби Вазорати тандурустии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо назардошти ин масъала дар умум 62,5% аҳолиро барои гузаронидани ваксинатсия ба инобат гирифтаем”. Дар ҳоле, ки механизми COVAX таъмини 20% аҳолиро бо ваксина бар зимма гирифтааст, барои 42,5 фоизи боқимонда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо дигар  шарикони рушд ҷиҳати дарёфти маблағ барои харидории ваксинаҳо чораҷӯӣ менамояд”, — тазаккур дод Н. Ҷаъфаров.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, COVAX 3 феврал тақсими эҳтимолии ваксинаҳои зидди коронавирусро дар байни 145 кишвари иштирокчӣ нашр кард. Сухан дар бораи тақсими 96 миллион воя ваксинаҳо, ки аз ҷониби AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудаанд, инчунин 240 миллион воя ваксина аз ҳамон таҳиягар, вале аз ҷониби Институти хунобаи Ҳиндустон иҷозатнома гирифтааст, меравад. Ғайр аз ин, ба ин рӯйхат 1,2 миллион воя аз ширкати амрикоии Pfizer ва шарики олмонии BioNTech шомил карда шудааст. Қарор аст, ки миқдори зиёди воя ба Ҳиндустон — 97 миллиону 164 ҳазор интиқол дода шавад.

Интизор меравад, ки Бангладеш — 12 миллиону 782 ҳазор, Бразилия — 10 миллиону 672,8 ҳазор, Ӯзбекистон — 2 миллиону 640 ҳазор, Украина — 2 миллиону 215,2 ҳазор, Тоҷикистон — 732 ҳазор, Озарбойҷон — 506 ҳазор, Қирғизистон — 504 ҳазор, Гурҷистон — 214.05 ҳазор, Молдова — 180.57 ҳазор ва Арманистон — 146.4 ҳазор воя гиранд.

Дар бораи механизми COVAX

COVAX — механизми байналмилалиест, ки бо ибтикори СУТ дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва эмгузаронӣ (GAVI) ва Эътилоф оид ба инноватсияҳо дар соҳаи таъмини омодагӣ ба эпидемияҳо (CEPI) таъсис ёфтааст. Ин механизм 190 кишварро фаро мегирад.

                                             АКС аз nepaleseaustralian.com.au

Февраль 17, 2021 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин