COVID-19. Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 290 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои фавт дар ҷаҳон беш аз 6,7 ҳазор зиёд шуда, аз 2,41 миллион гузашт,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 15 феврал, ба СУТ дар бораи 109 390 606 сироятшуда ва 2 411 502 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 290 079 нафар ва фавтидагон 6 792 нафар афзудааст.
Омори СУТ танҳо маълумоти расман тасдиқшуда дар бораи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки давлатҳо пешниҳод кардаанд, ба назар мегирад.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 28 261 470. Баъд аз он Ҳиндустон (10 916 589), Бразилия (9 834 513), Россия (4 071 883), Британияи Кабир (4 038 078), Франсия (3 465 163), Испания (3 056 035), Италия (2 721 879), Туркия (2 586 183), Германия (2 341 701), Колумбия (2 195 039) ва Аргентина (2 025 798) қарор доранд.
АКС аз манобеи боз








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






