Дар 179 иншооти ҷашнии шаҳри Ваҳдат корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд

Февраль 15, 2021 10:55

ВАҲДАТ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси соҳибкорону мақомоти иҷроия ва сокинони шаҳр давоми солҳои  2019-2020   21 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 36 иншоот дар соҳаи  тандурустӣ, 48 иншоот дар соҳаи маориф, 35 иншооти варзишӣ, 9 иншооти маишию фарҳангӣ, 43 иншооти хизматрасонӣ, 67 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 19 адад биноҳои истиқоматӣ, 3 бинои маъмурӣ ва 106 адад  иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа 598 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.  Айни замон дар 179 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ваҳдат  Раҳмоналӣ Амирзода иброз намуд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат  3994  маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз он  19 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Дар натиҷа нисбат ба нафарони вайронкунандаи қонун ба маблағи 36,6 ҳазор сомонӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат ирсол намуданд.

Ҳамчунин соли гузашта дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ санҷишҳои муштарак доир шуда, пеши роҳи 156 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат 42 садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод ва дар пайи он 26 нафар  ҳалок  гардида,  44 нафар  ҷароҳат бардоштанд.

Февраль 15, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад