Дар Конибодом боғи нави зардолу бунёд мешавад
ДУШАНБЕ 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»-и шаҳри Конибодом тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани масоҳати боғот ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар чор гектар боғи нави зардолу бунёд намоянд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ширкат дар маъракаи ниҳолшинонӣ барои тавсеаи майдони боғот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти зардолуи тару хушк, истифодаи самараноки замини қатори боғот ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки кишоварзони Конибодом дар самти парваришу дарахтони зардолу ва рӯёнидани ҳосили хуби он таҷрибаи бой дошта, умед аст, ки аз боғи нав низ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.
Боғпарварӣ аз шуғлҳои сердаромади сокинони Конибодом буда, айни замон бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар боғоти минтақа корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон баҳри пешгирии таъсири сардӣ дар боғот ва эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






