Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат чорабинӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 январи соли 2021 мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паём ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.
Дар ҷараёни мизи мудаввар паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Пешвои миллат аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зимни баромадҳо пешниҳодҳои инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантон ва зиёд намудани нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола, маъюбони гурӯҳи якум ҳамчун дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд.
Роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳм гузорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






