Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат чорабинӣ сурат гирифт

Февраль 8, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 январи соли 2021 мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паём ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ҳамчун мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.

Дар ҷараёни мизи мудаввар паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Пешвои миллат аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зимни баромадҳо пешниҳодҳои инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантон ва зиёд намудани нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола, маъюбони гурӯҳи якум ҳамчун дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд.

Роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳм гузорад.

Февраль 8, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар