Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 83 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 06.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 195 иншооте, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохта мешаванд, 162 адади он аллакай ба истифода дода шудааст.
Чунин посух дод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода, ки ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ мебошад. Аз ҷумла, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иншооти гуногуни соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва якчанд биноҳои маъмурӣ ба истифода дода мешаванд. Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказии ноҳия таъмиру таҷдид мегарданд.
Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки иншооти ҷашнии дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёшаванда дорои таъйиноти гуногун буда, қисмати бештари онҳо дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Бунёди иншооти ҷашнӣ ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия мусоидат менамояд.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Хатлон буда, дорои 8 ҷамоати деҳот ва 170 ҳазор аҳолӣ мебошад.








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






