Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи дашти Искодари ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 150 кг гандум ва 50 банд алаф дар ҷойҳои махсус муайян пошида шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар“ масъулини шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки корҳои биотехникӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон гузаронида шуда истодаанд.
Баҳри беҳтар сохтани вазъи экологӣ ва таъмини олами наботот дар мавзеи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара низ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои ғизодиҳӣ анҷом дода шуда, зимни он барои ҳайвоноту паррандагони ин мавзеъ ба миқдори 950 кг дону гандум ва 20 адад бастаи коҳ гузошта шуд.
Тибқи нақшаи чорабинии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ дар дигар минтақаҳои қаламрави вилояти Суғд идома доранд.










Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






