Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи «Варзишгарони Тоҷикистон» ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи «Варзишгарони Тоҷикистон» ташкил мегардад.
Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раёсати муассиса барои ташкили гӯшаи комили намоишӣ аз тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ, инчунин наздикону пайвандони варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, ки дар қайди ҳаёт нестанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки чанде аз туҳфа ва ҷоизаҳои дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи мамлакат (медал, грамота, ҷом, тӯб ва ғайра) ба дастовардаашонро ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супоранд.
Ба ин восита тамошобинон дар баробари бо таъриху фарҳанги пурғановати ҳалқи тоҷик шинос шудану савияи дониши таърихии худро баланд бардоштан, инчунин метавонанд бо дастовардҳои муҳими соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва варзишгарони номдори мамлакат шинос шаванд. Ҳамзамон бо ифтихор аз ватани соҳибистиқлолу обод ва шахсони номдори он таассуроти хешро доир ба соҳаи варзиши миллати тоҷик қавӣ гардонанд.
Айни замон дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон як адад камони зани собиқадору фаъоли ҷумҳурӣ-камонвари номдор Зебунисо Рустамова, инчунин 7 адад мусаввараи офаридаи рассомони номдори ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи варзиш ва 10 ҷоми варзишӣ бо рақамҳои мушаххаси осорхонавӣ ҳифз мешаванд.
Мавод тибқи муқаррарот қабул гардида, ҳифзи онҳо бо рақами мушаххаси осорхонавӣ кафолат дода мешавад.








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






