Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд

Февраль 10, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷило Гулназарзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки донишкадаи мазкур бо зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Давоми соли 2020 дар донишкада 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият намуданд.

Мавсуф зикр дошт, ки бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати қарордоди дуҷониба ва авҷи бемории коронавируси КОВИД-19 10 нафар омӯзгорони соҳибзабон ба ватани худ баргашта, айни замон 3 нафари онҳо фаъолият намуда истодаанд. Донишкада нақша дорад, ки баъд аз кушода шудани марзҳо омӯзгорони забондонро аз хориҷи кишвар даъват намояд.

Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва таҳсили донишҷӯёни ин муассиса дар хориҷи мамлакат  Ҷило Гулназарзода посух дод, ки «давоми соли таҳсили 2020 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсили худро дар курси кӯтоҳмуддати донишкада идома доданд, ки аз инҳо 6 нафар курси омӯзиши забони давлатиро хатм намудаанд. Айни замон 7 нафар донишҷӯёни донишкада дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла 2 нафар дар Донишгоҳи забонҳои Токиои Япония ва 5 нафар дар Донишгоҳи Кемриёи Ҷанубӣ таҳсил доранд».

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки шумораи донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1096 нафар, яъне 26 фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин қабули шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, аз ҷумҳириҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба зинаи бакалавриат 379 нафар довталаб дохил гардидаанд.

Февраль 10, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад