Донишкадаи физикӣ-техникии Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии ИДМ-ро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи физикӣ-техникии ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар бахши илмҳои физикӣ ва техникӣ касб намуд.
Тавре директори Донишкадаи физикӣ-техникӣ Фарҳод Шокир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин хусус Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ қарор қабул кардааст.
То ин замон, дар ИДМ ташкилоти заминавӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии фундаменталии табиӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле кам буданд, аз ҷумла, ягон ташкилоти заминавӣ дар соҳаи физика ва техника вуҷуд надошт. Танҳо 2 муассиса дар соҳаи физика ва технология мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ-ро соҳиб шуданд.
Мақоми ташкилоти заминавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ ба 86 пажӯҳишгоҳ, донишгоҳ ва дигар муассисаҳо дода шудааст ва ҳоло шумораи онҳо 88 ададро ташкил медиҳад.
Дар доираи мақоми худ Донишкадаи физикӣ-техникӣ ба омӯзиш, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, инчунин табодули иттилоот оид ба таҷриба, навовариҳо, таъминоти методӣ, расонидани кумаки илмӣ — методӣ, ташкилӣ, машваратӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба омӯзиш ва таълими илмҳои физикӣ ва физикӣ-техникӣ, гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ, ташкили конфронсҳои байналмилалии илмӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишгоҳҳо машғул мешавад.
Инчунин ташхиси лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие, ки барои қабул намудан дар доираи ИДМ баррасӣ мешаванд ва ба салоҳияти ташкилоти заминавӣ марбут мебошанд, таҳияи хулосаҳо ва тавсияҳои дахлдор оид ба ҳамоҳангсозӣ ва ҳамсонсозии санадҳои меъёрӣ, мубодилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ шомили вазифаҳои хидматии Донишкада мебошанд.
«Таҷрибаи ҳамкории илмӣ дар доираи ИДМ нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои самарабахши ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва такмили ихтисоси кадрҳо дар самти илмҳои фундаменталӣ ташкилоти заминавӣ мебошанд. Бинобар ин, дар ҷаласаи V Шӯро 21 феврали соли 2017 дар шаҳри Алмаато масъалаи ба яке аз муассисаҳои давлатҳои аъзои ИДМ додани мақоми ташкилоти заминавӣ дар соҳаи илмҳои фундаменталӣ баррасӣ шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки масъалаи ба Донишкадаи физикӣ ва техникии ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон додани мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои физикӣ ва техникӣ баррасӣ карда шавад. 12 апрели соли 2018 Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳодро барои баррасӣ қабул кард ”, — хабар дод Фарҳод Шокир.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






