ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ҶАВОНОН МЕТАВОНАНД САДДИ БОЭЪТИМОДИ ПАҲНШАВИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО ЭҶОД КУНАНД. Дирӯз дар Тошканд дар ин бора конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Февраль 19, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Тошканд Конфронси байналмилалии «Нақши ҷавонон дар мубориза бо радикализм, экстремизм ва терроризм» баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин чорабинӣ бо ибтикори Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA)*, Котиботи СҲШ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА, БРСММ дар Ӯзбекистон ва Дафтари минтақавии Идораи минтақавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар” гузориш медиҳанд.

Дабири кулли СҲШ Владимир Норов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемия, ки бо коҳиш ёфтани сатҳи таҳсилот, афзоиши якбораи бекорӣ ва камбизоатӣ алоқаманданд аст, пеш аз ҳама, таъсири манфии бештарро ба ҷавононе мерасонанд, ки мушкилотро бо худтатбиқкунӣ ва ҳарос аз оянда аз сар мегузаронанд.

Тавре дар конфронс зикр гардид, ба ин мавзӯъ дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли равон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи Сарвари давлати Тоҷикистон, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

«Президенти мамлакати мо борҳо таъкид кардаанд, ки маҳз ҷавонон метавонанд садди боэътимоди паҳншавии экстремизм ва терроризмро эҷод кунанд»,-гуфт мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, ки дар конфронси онлайнии Тошканд иштирок ва суханронӣ намуд. «Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”, — иқтибос овард Ш. Раҳимзода аз суханони Президенти Тоҷикистон дар Паём.

ДАР АКС: Намояндаи Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода дар видеоконфронси байналмилалӣ дар Тошканд

Шабнам Раҳимзода ба иштирокчиёни конфронси онлайнӣ иттилоъ дод, ки бо супориши Сарвари давлат Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 шурӯъ кардааст.

ДАР АКС: Дабири кулли СҲШ В.Норов

Дабири кулли СҲШ дар суханронии худ иттилоъ дод, ки имсол Созмони ҳамкории Шанхайро Тоҷикистон раисӣ мекунад ва нишасти 20-уми сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” дар Душанбе доир хоҳад шуд. Ба гуфтаи Дабири кулл, имсол бо мусоидати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иштироки фаъоли насли ҷавон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаи мо як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, баргузории як конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тахрибкор дар Душанбе дар моҳи августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки илова бар ин, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба саммит, тобистон имсол дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷавонони СҲШ баргузор мегардад, ки дар он иштирокдорон масъалаҳои таҳдиди терроризм, экстремизм ва амният дар фазои СҲШ-ро баррасӣ мекунанд.

                                                             Саид АЛӢ,
Холисаи АСОМИДДИН,
Акрамхоҷи АКБАР,
Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ “ Ховар»

                                                           АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва CICA

______________________________________

*Дар забони англисӣ ин созмон чунин номида мешавад: CICA – Conference on Interaction and Confidence Building Measures in Asia.

Февраль 19, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»