СУТ РӮЙХАТИ ТАҚСИМОТИ ВАКСИНАҲОРО ДАР ДОИРАИ COVAX НАШР КАРД. Тоҷикистон 732000 вояи AstraZeneca/Oxford хоҳад гирифт

Февраль 4, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва шарикони он дар барномаи COVAX дирӯз, 3 феврал аввалин дурнамои миёнавии тақсимоти ваксинаҳои зидди коронавирусро нашр кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ. Ба ваксинаҳо ҳадди камтарин 3,3 фоизи аҳолии 145 кишвари дунё дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки COVAX як ташаббуси беназир барои харидории мутамарказ ва тақсимоти ваксинаҳои зидди COVID-19 мебошад. Дар доираи  он ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон бо мақсади бо вояҳо таъмин намудани ҳам кишварҳои сарватманд ва ҳам кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳанӯз моҳи январ СУТ аз харидории миллионҳо доза ваксинаҳои Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca / Oxford хабар дода буд. Интизор меравад, ки дар доираи механизми COVAX то охири сол интиқоли ду миллиард вояи ин доруҳо дар саросари ҷаҳон муяссар хоҳад шуд, аз ҷумла 1,3 миллиард — ба кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад.

Дурнамои миёна, ки дирӯз нашр шуд, дорои маълумот дар бораи тақсимоти ваксинаҳои Pfizer / BioNTech дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва ваксинаҳои AstraZeneca / Oxford — дар шашмоҳаи аввали соли равон мебошад.

Ҳамин тавр, маълумот дар бораи тақсимоти ваксинаҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ:

Озарбойҷон — 506 400 вояи AstraZeneca/Oxford мегирад;

Арманистон  – 146 400 вояи AstraZeneca/Oxford;

Гурҷистон – 184 800 AstraZeneca/Oxford ва 29 250 Pfizer/BioNTech;

Қирғизистон – 504 000 AstraZeneca/Oxford;

Молдавия – 156 000 AstraZeneca/Oxford ва 24 570 Pfizer/BioNTech;

Тоҷикистон – 732 000 AstraZeneca/Oxford;

Украина – 2 215 200 AstraZeneca/Oxford ва 117 000 Pfizer/BioNTech;

Ӯзбекистон – 2 640 000 AstraZeneca/Oxford.

Интизор меравад, ки интиқоли ваксинаҳо охири моҳи феврал шурӯъ мешавад. Ба ҳисоби миёна, дар марҳилаи аввали тақсимоти дору дар доираи ташаббуси COVAX эмгузаронии 3 фоизи аҳолӣ дар 145 кишвар муяссар хоҳад шуд (ба ин арқом онҳое, ки берун аз COVAX ваксина мегиранд, дохил намешаванд). Тавре коршиносон зикр мекунанд, ин барои муҳофизати гурӯҳҳои аз ҳама осебпазир, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ кифоя хоҳад буд.

Дар бораи ваксинаи AstraZeneca / Oxford

Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати AstraZeneca моҳи декабри соли гузашта аввалин шуда, натиҷаҳои озмоишҳои клиникии марҳилаи III-ро нашр намуданд. Муҳаққиқон ваксинаро бехатар ва муассир эътироф намуданд. Самаранокии ниҳоии он аз рӯи ҳисобҳои онҳо, тақрибан 70 фоизро ташкил медиҳад. Натиҷаи таҳқиқот дар Lancet нашр шудааст.

Натиҷаҳои озмоишҳо, ки дар Британия ва Бразилия сурат гирифтанд, нишон медиҳанд, ки ваксинаи AZD1222 барои пешгирии COVID-19 муассир аст, зикр намуданд дар AstraZeneca. Дар байни ихтиёриёне, ки бо ин ваксина эм шудаанд, ягон ҳолати бистарӣ шудан ва ё гирифторӣ бо шаклҳои вазнини беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Профессор Сара Гилберт, яке аз таҳиякунандагони ваксина шарҳ дод, ки дар озмоишҳо ду режими ба вояҳо тақсим намудан истифода шудааст: дар як ҳолат, бемор нисфи вояи ваксина ва сипас вояи пурра ва дар дуюм ду вояи пурра мегирифт. Самаранокии ҳолати якум дар ҳудуди 90 фоиз, дуюмин — дар ҳудуди — 62 фоиз ва ба ҳисоби миёна — 70,4 фоиз мебошад.

ДАР АКС: тақсимоти ваксинаҳо дар доираи ташаббуси COVAX моҳи феврали соли 2021 оғоз мешавад. Аксҳо BioNTech.

Февраль 4, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода