Филми «Ношунаво»-и «Телевизиони Сафина» дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин соҳиби ҷоизаи Golden Begonia Award гардида буд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои «Телевизиони Сафина» дар соли сипаригардида дар 8-умин Намоиши байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё дар Чин (8th Fsian Micro Film Art Festival) соҳиби ҷоизаи Golden Begonia Award гардидани филми «Ношунаво» (Deaf) –и коргардони ҷавони шабака Усмон Юсуфов мебошад. Инчунин давоми соли гузашта дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея филми илмию итилоотӣ оид ба ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори Тоҷикистон наворбардорӣ кардем ва ин филм тариқи Телевизиони KBS намоиш дода шуда, миллионҳо нафарро ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати нотакрори мамлакатамон шинос намуд. Ин матлабро имрӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид ба хабарнигорон иброз дошт.
Зикр гардид, ки чун дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамарӯза дар барномаҳои иттилоотӣ аз ҷараёни омодагии шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал ва умуман корҳои ободониву созандагӣ аз ҳама манотиқи мамлакат гузоришу барномаҳо пешниҳод карда мешаванд.
Барномаҳои “Замзамаи ободӣ”, “Дастовард” ва “Пешрафт”-и ин шабака низ мунтазам ин мавзӯъҳоро пайгирӣ мекунанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






