ФУТБОЛ. Комрон Турсунов дар Ҳиндустон голи панҷуми худро ба нишон расонид
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон бозӣ мекунад, ба задани голи навбатии худ муваффақ шуд, ки голи панҷуми ӯ дар ин лига мебошад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи «ТРАУ»-и Комрон Турсунов дар сафар бо ҳисоби калони 5:1 дастаи футболи «Индиан Эрроус»-ро мағулб кард. Дар ин бозӣ футболбози тоҷик ҳам ба задани гол ва ҳам ба анҷом додани ду партофти головар муваффақ гашт ва маротибаи дуюм дар мавсим — беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф шуд. Ба Комрон Турсунов барга бо арзиши 25 ҳазор рупияи Ҳиндустон, ки баробар ба 345 доллари ИМА мебошад, тақдим гардид.
Ҳамчунин чанд рӯз пеш бозингари дигари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳулло, ки дар дастаи «Ченнай»-и Ҳиндустон баромад мекунад, нахустин голро ба нишон расонид. Фатҳулло Фатҳулло кӯшиши зиёд мекард, ки дар бозиҳои мазкур гол занад ва ниҳоят дар даври 20-уми Суперлигаи Ҳиндустон бар зидди дастаи футболи «Керала Бластерс» нахустин голашро дар ин чемпионат ба ҳадаф расонид.
Хотиррасон мешавем, ки ин бозингари бомаҳорати тоҷик дар дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд солҳои тӯлонӣ бозӣ кардааст.
Ин ду бозингар аз беҳтарин бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






