Хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои нафту гази Россия фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 13.02.2021. АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 47 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, ҳамасола табодули донишҷӯён дар ин донишгоҳҳо сурат мегирад. Имрӯз бидуни мушкилӣ хатмкунандагони донишкадаи мазкур дар корхонаҳои нафту гази Россия ба кор қабул шуда, фаъолият доранд.
Ин нуктаро 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғд Бахтиёр Маҳмадалӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.
Дар нишаст ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли 2020 ба ҳозирин иттилоъ дода, гуфт, ки “ҳадафи аслии мо омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат мебошад ва мо дар ин самт тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, то дар Донишкадаи мо кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбия ёбанд”.
Гуфта шуд, ки ҳамкории донишкада бо дигар донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, новобаста аз пандемияи Ковид-19 дар ин давраи ҳисоботӣ зиёда аз 60 конфронсу симпозиумҳои илмӣ ба тариқи мустақим ва онлайнӣ бо ширкати намояндагони донишгоҳҳои аврупоӣ ва осиёгии шарик гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ин давра ба омӯзгорону донишҷӯён кумаки молиявӣ расонида шуд.
Айни замон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 15 кафедра фаъолият мебаранд, ки 8 кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома баста, филиали худро кушодаанд. Қарор аст, ки имсол низ 4 кафедраи тахассусӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ филиалҳои худро боз карда, дарсҳои амалиро дар онҷо гузаронанд.
Ба хотири густариш додани ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе ҷиҳати табодули ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва боз намудани ихтисосҳои нав ҳамкорӣ дорад, ки ин ба хотири рушди соҳа мебошад.
Қарор аст, ки соли оянда Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 100 адад компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад. Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ доир ба ихтисоси нави заргарӣ, ки дар донишкада амал мекунад, гуфта шуд, ки барномаи комил барои омӯзонидани донишҷӯён ва ҳамчунин 3D-принтерҳо харид шудаанд, ки барои қолабгирӣ ва истифода аз ҳар гуна шаклҳои маснуоти заргарӣ дар ихтиёри донишҷӯёни соҳа гузошта шудаанд.
Имсол дар донишкада қарор аст, ки хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шуда, бо тамоми шароит таъмин гардад.
Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ аз шакли таҳсили фосилавӣ дар донишкада ёдовар шуда, изҳор дошт, ки айни замон 150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкада ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, кормандони он талош доранд дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






