Холмурод Раҳмон: Идораҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз «Барқи Тоҷик» 287,2 миллион сомонӣ қарздоранд

Февраль 9, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки  идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» 287,2 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки 77,2 млн сомонии онро қарзи соли 2020  ташкил медиҳад.

Сабабҳои асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди Ширкати «Барқи Тоҷик»-ро мавсуф ба паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани  тарифҳои неруи барқ рабт дод.

«Ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати устувор намудани фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодааст»,- гуфт Холмурод Раҳмон.

Ба зикри ӯ, имрӯз дар мамлакат 339 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият намуда, ба 379 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 50 фоизи заминҳои обёрии ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Февраль 9, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад