«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД!». Имрӯз ҳаштумин мавсими бозиҳои Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон оғоз мегардад

Февраль 7, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 07.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 феврал бозиҳои Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон «Футбол ба назди шумо меояд» оғоз мегардад. Имсол Лига ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар соати 10:00 оғоз меёбад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мавсими ҷорӣ бозиҳои Лига аз рӯи се категорияи синну сол дар байни кӯдакони на калонтар аз 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, иваз кардани бозингарон ҳатмист, то ҳамаи кӯдакон имкони якхелаи вақти бозӣ дошта бошанд.

Tcell ҳамчун сарпараст бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд» ба насли ҷавон ғамхорӣ зоҳир мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.

Дар мавсими гузашта дар бозиҳои Лига 18600 нафар кӯдакон аз саросари Тоҷикистон ширкат варзиданд.

АКС аз ФФТ

Февраль 7, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд