Корхонаҳои саноатии Бохтар соли 2020 ҳаҷми истеҳсолотро 5,6% зиёд кардаанд
БОХТАР, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии Бохтар дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониро 5,6% зиёд кардаанд, зикр кард имрӯз раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи номбурда, истеҳсоли маҳсулот 220,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019 11,7 миллион сомонӣ зиёдтар аст.
«Давоми сол дар шаҳр 96 иншоот бо 318 ҷойи нави кори доимӣ ба истифода дода шуданд. Арзиши умумии сохтмонҳо ва бозсозии ҳамаи иншоот 123,8 млн сомониро ташкил намуд”, — гуфт раиси Бохтар.
Дар давраи ҳисоботӣ барои татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар дар минтақаи саноатии Бохтар 2 корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли хӯрокворӣ (макарон, конфет), велосипедҳо ва бофандагӣ дар ҳузури Сарвазир Қоҳир Расулзода ба истифода дода шуда буданд. Дар ин корхонаҳо 135 ҷои нави кори доимӣ таъсис дода шудаанд.








Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд






