Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббии дастаи «Кӯктош» истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи «Кӯктош» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақомаш истеъфо дод. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, худи мутахассиси 55-сола дар ин бора ба Хадамоти матбуоти ФФТ гуфтааст.
«Ман аз ҳар як бозигар ва даста барои кори муштаракашон сипосгузорам. Инчунин мехостам ба мухлисони «Кӯктош», ки ҳамеша дастаро дастгирӣ мекарданд, ташаккур гӯям. Ман намехоҳам сабабҳои истеъфоро ошкор кунам. Бигзор он миёни ман ва роҳбарияти даста боқӣ монад», — гуфт Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар бораи истеъфои худ.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта сармураббии «Кӯктош шуд». Таҳти роҳбарии ӯ даста соли гузашта дар чемпионати Тоҷикистон дар мақоми чорум ҷой гирифт.
ДАР СУРАТ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев / АКСИ ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






