Маркази миллии тестӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгириро оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, семинарҳои мазкур бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 равона гардидааст.
Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли равон дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи бақайдгирии доимӣ бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.
Тибқи эълон ба тариқи электронӣ 571 нафар хоҳишмандон бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 440 нафарашон ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар ин шаҳрҳо то 20 феврали соли равон давом мекунанд.
Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯ ва дорои донишу маҳорати арзанда барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бақайдгирии довталабон 1 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






