Маркази миллии тестӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгириро оғоз намуд

Февраль 8, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   иттилоъ доданд, семинарҳои мазкур бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 равона гардидааст.

Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли равон дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи бақайдгирии доимӣ бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

Тибқи эълон ба тариқи электронӣ 571 нафар хоҳишмандон бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 440 нафарашон ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар ин шаҳрҳо то 20 феврали соли равон давом мекунанд.

Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯ ва дорои донишу маҳорати арзанда барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бақайдгирии довталабон 1 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.

Февраль 8, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд