Машқҳои СААД ҳатто дар сурати боқӣ мондани маҳдудияти вобаста ба пандемия доир хоҳанд шуд

Февраль 26, 2021 10:27

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои неруҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо дарназардошти эҳтимолии боқӣ мондани чораҳои маҳдудкунандаи вобаста ба пандемияи коронавирус омода карда мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 25 феврал сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

«Ситоди муштарак дар якҷоягӣ бо идораҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД шаклҳои ташкили машқҳои муштаракро дар шароити маҳдудияти эҳтимолии мушобеҳи шароити соли 2020 коркард мекунад, гарчанде ки мо умедворем чунин зарурат пеш нахоҳад омад», — гуфт Сидоров.

Ба гуфтаи вай, дар доираи СААД соли 2021 як қатор чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла бозии муштараки хизматӣ таҳти роҳбарии дабири кулли созмон ва машқҳои «Бародарии ҷангӣ — 2021» ба нақша гирифта шудаанд.

«Мехостам таваҷҷуҳро ба хусусияти сирф мудофиавии ҳамкории низомӣ дар доираи СААД ҷалб намоям, ки бори дигар дар изҳороти сарварони давлатҳои мо моҳи декабр таъкид карда шуд», — зикр кард ӯ.

Таҷҳизот ва силоҳ

Сидоров инчунин гуфт, ки неруҳои дастаҷамъии СААД бо намудҳои муосири силоҳҳо ва техникаи ҳарбӣ мутобиқи стандарти ягона муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

«Натиҷаи ҷиддии соли гузашта — бо ҳамаи давлатҳои аъзои созмон мувофиқа намудани лоиҳаи нақшаи муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои муштараки  эътинои сареъ бо силоҳ, техникаи низомӣ ва махсуси муосир буд. Пас аз хатми расмиёти техникӣ дар ташкилот, ин санад ба сарварони давлатҳо ҷиҳати тасвиб намудан пешниҳод хоҳад шуд ва пас аз ин татбиқи бевоситаи он ташкил карда мешавад”, — гуфт Сидоров.

Вай шарҳ дод, ки бидуни муайян намудани стандартҳои ягона ҳам дар кори  муҷаҳҳазгардонии ҷузъу томҳо ва дастаҳои Қувваҳои  муштарак ва инчунин ҳангоми истифодаи ҷангӣ ва идоракунии ин воҳидҳо эҳтимоли пайдо шудани мушкилот мавҷуд аст.

«Гузашта аз ин, аллакай дар Созмон тасмим гирифта шудааст, ки асноди ҳамсон дар мавриди муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои муштараки сулҳовар ва Қувваҳои муштараки эътинои сареъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо намунаҳои муосир ва муштараки аслиҳа ва техникаи махсуси ҳарбӣ саҳеҳ, такмил ва барои тасвиб намудан пешниҳод карда шаванд. Ин кор идома дорад. Соли гузашта қадами калон гузошта шуд. Мо интизор дорем, ки имсол ба натиҷаҳои баландтар ноил хоҳем шуд», — таъкид кард ӯ. 

Авиатсияи СААД

Генерал-полковник хабар дод, ки воҳидҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҳайати неруҳои дастаҷамъии СААД шомил хоҳанд шуд.

«Мо бо роҳе меравем, ки дар таркиби қӯшунҳои қувваҳои муштарак — ҳам дар Қувваҳои муштараки  эътинои сареъ, ҳам дар Қувваҳои муштараки зудамал ва ҳам дар Қувваҳои муштараки сулҳовар ҷузъу томҳое, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро истифода мебаранд,  шомил карда шаванд”, — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Сидоров, ҳавопаймоҳои бесарнишин аллакай дар СААД истифода мешаванд. «Дар айни замон масъалаи дутарафа байни Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини  “Орлан-10 » ва «Форпост» ҳал шуда истодааст”, — зикр кард ӯ.

Воқеан, тавре ки пештар АМИТ “Ховар” хабар дода буд, ду сол қабл дар пойгоҳи низомии 201-уми Россия дар Тоҷикистон баталйони нави ҳавопаймоҳои бесарнишин (ДПБ) ташкил шуда буд. Дар ҳайати баталйон комплексҳои нави бесарнишини бисёрвазифавии «Орлан-10» шомил карда шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки  ҳадафҳо дар мавзеъҳои душворгузар ва  дар ҳар шароити обу ҳаво назорат карда шаванд. Дар айни ҳол комплексҳо метавонанд дар тӯли зиёда аз 15 соат дар парвоз бошанд.

Генерал-полковник Анатолий Сидоров инчунин зикр кард, ки дар маҷмӯъ дар самти таҳкими бахши авиатсионии СААД корҳо идома доранд. «Ман фикр мекунам, агар то охири соли ҷорӣ нашавад, пас соли оянда, бешубҳа, дар бораи рушди он, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи он қарор қабул хоҳад шуд», — иброз намуд сардори ситод.

Дар Академияҳои неруҳои ҳавоии ба номи профессор Н.Е.Жуковский ва Ю.А.Гагарин корҳо оид ба оптимизатсияи масъалаҳои идоракунии авиатсия, мутамарказ сохтани ин равандҳо дар доираи созмон идома доранд. Инчунин мушкилоти убури сарҳадот байни кишварҳои иштирокчӣ низ фаъолона ҳал мешаванд. «Дар байни давлатҳо сарҳадҳои давлатӣ мавҷуданд. Сохторҳои гуногун ҳаракати ҳавоиро дар фазои давлатҳоро ташкил мекунанд. Масъалаи чӣ гуна кам кардани мушкилоти вобаста ба ин баррасӣ мешавад», — изҳор кард роҳбари Ситоди муштараки СААД.

 Ҷаласа оид ба масоили муборизаи радиоэлектронӣ

Ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ оид ба муборизаи радиоэлектронӣ (МРЭ) дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи СААД моҳи июн дар Маскав баргузор мешавад, гуфт  Сидоров.

Дар посух ба саволи ТАСС дар бораи имкони ташкили системаи муттаҳидаи МРЭ -и СААД, ӯ таъкид кард, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак воситаҳои МРЭ нақши хеле ҷиддӣ доранд, силоҳи пурқудрат мебошанд ва метавонанд системаҳои идоракунии душманро фалаҷ кунанд ва аз зарбаҳои силоҳи дақиқи он  муҳофизат намоянд.

Сидоров ёдовар шуд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли вазоиф дар соҳаи МРЭ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи СААД гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки ба он роҳбарони МРЭ -и неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон шомил шудаанд. «Дар аввали моҳи июни соли 2021 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ таҳти раёсати сардори хадамоти МРЭ -и Қувваҳои Мусаллаҳи РФ баргузор мешавад. Ин ҷаласа дар Москва баргузор хоҳад шуд”, — гуфт сардори Ситоди муштарак.

Ба гуфтаи вай, аз ҷумла дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъда, муҷаҳҳазгардонӣ ва ташкили системаи ягонаи МРЭ -и кишварҳои СААД баррасӣ мешаванд.

 

ДАР АКС: дар пойгоҳи низомии 201-уми Россия дар Тоҷикистон баталйони нави ҳавопаймоҳои бесарнишин (ПВО) ташкил шудааст. Аксҳои Sputnik

Февраль 26, 2021 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳким мебахшанд
Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд