Нашриёти «Адиб» дар Ҳисор ярмарка-фурӯши китоб доир намуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Адиб» ярмарка-фурӯши китоб доир гардид, ки дар он чор ҳазор китоб ба фурӯш рафт.
Ярмаркаи фурӯши китоб бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба хондани китоб, баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, эҳтиром нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо, омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гузаронида шуда, зимни ифтитоҳи он Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба масъулини Нашриёти «Адиб» барои баргузории ярмарка-фурӯши китоб арзи сипос намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки аз ярмарка –фурӯши китоб ашхоси касбу кори гуногун китобҳои нодиру писандидаро бо нархҳои дастрас хариданд. Дар ярмарка аз ҷониби Нашриёти «Адиб» 172 номгўй намунаи осори адибони классик, муосир ва ҷаҳонӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳоҷагиҳо, корхонаву муассиса ва аҳолӣ беш аз 4000 китоб харида шуд.
Адибони шинохта, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, нависандагон Абдуҷаббор Абдуғаффор, Давлат Сафар ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Чиллахон Холов дар барнома иштирок карда, ба китобҳои харидаи дӯстдорони каломи бадеъ соядаст гузоштанд.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






