Ғолибони бозиҳои даври дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 муайян шуданд

Февраль 15, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Бозии дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021  13 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  байни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри  Кӯбол баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вохӯрии ин  дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯбол хатм шуд. Нахустин шуда дар дақиқаи 18-ум Аваз Қамчинов дастаи  «Равшан-ро ба пеш баровард. Аммо хурсандии футболбозони дастаи   «Равшан» дер давом накард, чаро ки дар дақиқаи 32-юм легионери  дастаи КМВА – Феликс натиҷаро баробар кард. Кӯшишу талошҳои футболбозони кӯлобӣ самар оварду дар дақиқаи 57-ум боз Аваз Қамчинов гол зада, ба дастааш пирӯзӣ овард. Баъди ин бозӣ дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо касби 6 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «А» қарор дорад.

Ёдовар  мешавем, ки дар даври сеюм  имрӯз, 15  феврал дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад.

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи финалӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

КМВА – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Аваз Қамчинов, 18 (0:1). Феликс Тиетзе, 36 (1:1). Аваз Қамчинов, 57 (1:2).

Аввалин иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон муайян шуд. Дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа пай дар пай пирӯзии дуюм ба даст овард, дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб кард ва ба даври ½-финалӣ баромад. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи «Хатлон» бар дастаи  «Регар-ТадЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби 1: 0 ғолиб омад. Голи пирӯзиоварро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 86-ум ба   нишон расонид.

Дар гурӯҳи  «А» дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе намояндаи вилояти Суғд — дастаи  «Мастчоҳ»-ро бо натиҷаи калони  6:1  мағлуб намуд.

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи финалӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Истиқлол» – «Мастчоҳ» – 6:1

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 17 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 25 (2:0). Салам Ашурмамадов, 27 (3:0). Салам Ашурмамадов, 31 (4:0). Рустам Соиров, 44 (5:0). Рустам Соиров, 69 (6:0). Дилшодбек Рустамзода, 90 (6:1).

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 86.

15 феврал 

Гурӯҳи  «А»

10:30 – «Мастчоҳ» – КАВА.  Дар  варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе,  

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Дар  варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе

Гурӯҳи  «Б»

10:30 – «Барқчи» – «Регар-ТадАЗ». Дар  варзишгоҳи марказии

шаҳри Ҳисор

Февраль 15, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад