РӮЗИ ЁДОВАРӢ. Таҳти ин унвон дар Хатлон маъракаи тоза намудани қабристонҳо сурат гирифт

Февраль 1, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти вилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» бо иштироки доираи васеи сокинони маҳал баргузор гардид.

Ин тадбири  оммавӣ дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, ҳамовозии махсусеро миёни ҷомеа ба вуҷуд овард, зеро мардуми мо аз азал нисбат ба турбати гузаштагони худ эҳтироми хосса доранд.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, дар ноҳияи Шаҳритус ва Носири Хусрав раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ дар баргузории ин чорабинии оммавӣ иштирок карда, бо ҳашарчиён вохӯрӣ анҷом доданд.

Қиёмиддин Миралиён, аз ҷумла атрофи зарурат ва аҳамияти ташкили амалиёти вилоятии Рӯзи ёдоварӣ сухан гуфта, эҳтиром доштану арҷ гузоштан ба хоки гузаштагони худро муҳим донист.  «Оғози ин амалиёт дар ин рӯзҳое, ки мо ба баҳори нозанин наздик мешавем ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, хеле рамзӣ мебошад. Ҳамагон дар чунин ташаббусҳо, ки ҳадаф ободии як гӯшаи Ватан мебошад, бояд фаъол бошем», – иброз дошт Қиёмиддин Миралиён.

Амиршоҳи Хатлонӣ изҳори боварӣ кард, ки сокинони ин ноҳияҳо   минбаъд низ дар иҷрои чунин бунёдкориҳо фаъол мемонанд. Дар ин рӯз сокинони деҳаҳои Асомидин Муродов ва Ҷамъият-деҳқони  Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров,   “Хушодӣ”, “Хоҷа-дурбод” ва “Чӯянчӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи  Талбак Садриддинов, сокинони деҳаҳои “Қаҳрамон”, “Чинор” ва “Орён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи  Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус ва дар ноҳияи Носири Хусрав сокинони деҳаҳои “Муъминобод” ва “Бешкент”-и Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” дар тозаву озода  намудани оромгоҳҳои маҳалли хеш иштироки фаъолона доштанд.

Бояд зикр кард, ки дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва вилояти Хатлон, котиботи Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, инчунин шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоҳангсози ҳашари вилоятии Ситоди вилоятии Рӯзи ёдоварӣ буда, тибқи нақшаи мазкур рӯзи якшанбеи охири ҳар моҳ ҷиҳати ташкил намудани чорабинии мазкур масъул мебошанд.

Масъулини  ситодҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳангоми ташкили чунин ҳашарҳо сокинони маҳаллаву деҳот (наздики қабристонҳо)-ро ба ин кори хайр ҷалб менамоянд. Дар ҳашари вилоятии Рӯзи ёдоварӣ шаҳрвандон дохилу атрофи қабристонҳои маҳалли худро аз алафу рустаниҳои худрӯй тоза карда, дарахтони ин мавзеъро аз навдаҳои зиёдатӣ озод карда, дар ҳудуди онҳо ниҳолҳои сояафкан мешинонанд. Дар ин баробар атрофи қабристонҳоро бо симтӯр маҳкам карда, роҳҳои дохил ва шафати онҳоро сангфарш ва дигар корҳои ободониро анҷом медиҳанд.

Февраль 1, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад