РОҲНАМОИ ФАРДОИ НЕКУ БОСАОДАТ. Маҳаки асосии Паёми Пешвои миллат омӯхтани илму дониш, бахусус фанҳои дақиқ аст

Февраль 9, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар соҳибватан мебошад. Нуқтаи меҳварии Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҳз талқини илмомӯзӣ, бахусус фанҳои дақиқ буд.

Сарвари давлат аз аввал то анҷоми Паёми хеш танҳо бар ин таъкид доштанд, ки маҳз тавассути омӯхтани илму дониш, фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм, техникаю технологияи навтарин, нанотехнология ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Маълум аст, ки нанотехнология ихтирои насли нав буда, ин соҳа ҳанӯз хеле кам омӯхта шудааст, вале дорои иқтидори ниҳоят баланд мебошад. Нанотехнология қодир аст ба мо корҳою ихтирооти баландро насиб гардонад. Чизи аз ҳама аҷоиб он аст, ки соҳаи нанотехнология то соли 1975 мавҷуд набуд, ҳарчанд ки олимон дар ин самт ҳанӯз хеле барвақт корро сар намуда буданд.

Ва имрӯз вазифаи насли нав-донишҷӯён, магистрантон, докторантон, олимону устодони донишгоҳу донишкадаҳо маҳз ҳамин аст, ки ба илмҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ рӯ биёранд, онҳоро омӯзанд, таҷрибаҳо гузаронанд, таҳқиқот баранд,  пешрафти илми тоҷикро таъмин намоянд. Зеро олимону бузургони илму адаби тоҷик дар асрҳои гузашта корҳои бузургеро анҷом дода буданд. Мо имрӯз давомдиҳандаи кори бошарафи он бузургонем ва бояд илму маърифатамон низ дар сатҳи баланд бошад.

Чунин нигоштааст бардоштҳои хешро аз Паёми навбатии Пешвои миллат доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил ҒАФУРЗОДА.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, мустақилона Паём ироа намудан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлол аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадами устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ ва нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Имсол низ зимни ироаи Паёми навбатӣ шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гардидем, ки моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар мерасонанд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли ин ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Таъкид шуд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии КОВИД -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақияти калон ноил гардиданд. Дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар сокини кишвар баланд аст. Пешвои миллат ин нуктаро чунин таъкид намуданд: «…бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид».

Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин росто аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат мебошад, ки ин ба баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тавре зимни ироаи Паём Сарвари давлат иброз доштанд, дар мамлакат танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор мегузорад.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, дар Паёми имсола махсус зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 — 2025» супориш дода шуд.

Тавре Пешвои миллат бори дигар таъкидан иброз доштанд, вазифаи асосии ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ — содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст.

Нуктаи дигари нишотовари Паём он аст, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» эълон карда шуд. Ин тадбир самараи нек ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик илм ва инноватсия пеш рафта, кадрҳои болаёқат ба камол мерасанд.

Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва равона намудани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар таъкид гардид.

Дар фуроварди нутқи пурмуҳтавои худ Сарвари давлат мардуми шарифи мамлакатро ба ободкориву созандагӣ ва бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъват намуданд.

Дар маҷмӯъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Аз ҳамин рӯ анъана шудааст, ки мардуми шарафманди тоҷик ирсоли Паёмро ҳамасола бо умеду шодии бепоён мунтазир шуда, онро тариқи расонаҳо бо рӯҳияи ватандӯстона гӯш мекунанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

                                 АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад