Рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 дар сатҳи 7,6 % пешбинӣ мешавад. Шарҳи АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мо бетаъсир намонд. Масъулони соҳа мегӯянд, ки пастшавии назарраси нархи молҳои содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беқурбшавии асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурии мо дар ин самт таъсиргузор будааст.
Вале зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот барои таъмини рушди иқтисодиёти мо мусоидат намуд.
Шарҳи шореҳи иқтисодии АМИТ “Ховар” Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2020 дар кишвар 142 корхонаи нави саноатӣ бо 2428 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30820,8 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 33607,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди онҳо мутаносибан 9,7 фоиз ва 8,8 фоизро ташкил дод.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ (26 январи соли 2021) иттилоъ доданд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (7,5 фоиз) 3 банди фоизӣ кам аст.
Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки таҳти таъсири омилҳои берунӣ соли 2020 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019-ум 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, воридот 5,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз паст шуд.
Ба андешаи мусоҳиби мо, тамоюли зиёдшавии суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъди шашмоҳаи якуми соли 2020 ба назар расидааст. Агар суръати афзоиши ММД дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил дода бошад, пас он соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардида, 1 банди фоизӣ ё 944,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Инчунин вазъият дар баъзе соҳаҳои кишвар нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2020 беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар ҷамъбасти соли 2020 нисбат ба 6 моҳи соли 2020 суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 0,5 банди фоизӣ, маҳсулоти кишоварзӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд шуд. Яъне тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш мебошанд, зеро дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2020 эҳтимол ба 2,0 фоиз ба ҷои 4,5 фоиз баробар мешуд.
-Рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021 7,6% пешбинӣ гардидааст ва барои расидан ба он зарфияти дохилӣ имконпазир аст,-мегӯяд сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо С. Зайниддинзода.
Новобаста ба вазъияти мураккаби бамиёномада бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратии кишвар ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуда буд, гардиши савдои хориҷӣ соли 2020 тамоюли афзояндаро нигоҳ доштааст.
Сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “роҳандозӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар самти дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо вобаста ба воридоти ашёи хом ва раванди истеҳсолот, содагардонидани расмиёти савдо ба гардиши савдои хориҷӣ таъсирбахш буда, соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2019 34,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст”.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, содироти мол нисбат ба соли 2019 19,8 фоиз ё 232,5 млн. доллар афзоиш ва воридоти мол дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 198,4 млн. доллар ё 5,9 фоиз коҳиш ёфт.
Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи орду гандум, равғани растанӣ ва чорво, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ бештар ба назар расидааст.
Аз ҷумла, соли 2020 воридоти гандум 999,2 ҳазор тонна бо арзиши умумии 243,2 млн. доллар ва воридоти равғани растанӣ 102 ҳазор тонна бо арзиши умумии 89,4 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст.
Дар иртибот ба боло рафтани арзиши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабли ард ва равған, ки соли 2020 ба вуҷуд омад, сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдураҳмонов гуфт, ки “бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ кишварҳои ҷаҳон содироти молу маҳсулотро дар давраи паҳншавии пандемия маҳдуд карда, тадбирҳои ҳимоявӣ андешиданд, ки ин яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар кишварҳои воридоткунанда гардид”.
Аз ҷумла, нархи миёнаи воридотии гандум 39 доллар, орд 12 доллар ва равғани растанӣ 46 доллар дар қиёс ба нархи миёнаи соли 2019 барои як тонна афзоиш ёфт.
Дар ин росто арзиши бархе маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ соли 2020 тағйир ёфта, нархи миёнаи содиротии алюминийи аввалия 222 доллар, нахи пахта 126 доллар ва маъданҳо 111 доллар барои як тонна нисбат ба соли 2019 коҳиш ёфт.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид






