Сенздаҳ паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо- «Tashkent Grand Slam 2021» ширкат меварзанд

Февраль 24, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5-7  март  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он  13 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сабқати  мардон 12 паҳлавони шинохта – Қаюмзода Абумуслим -60кг, Суфиев Баҳром -66кг, Сафаралиев Алиҷон – 66кг, — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар -81кг, Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Раҳмон Мансур -100кг, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон як нафар- Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг) – ҳунарнамоӣ менамояд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ширкат дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021» то ҳоло иштироки 547 варзишгар (317 мард ва 230 зан) аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Хотиррасон  мешавем, ки дар  рӯзи аввали мусобиқа – 5  март  қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 18 то 20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба дзюдо – «Tel Aviv Grand Slam» баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 варзишгар: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд. Натиҷаи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар қувваозмоиҳои вазни +100кг дар ду давр бар намояндагони Қазоқистон (Ерасил Кажибоев) ва Австрия (Стефан Ҳеҷӣ) ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Нидерланд Рой Мейер мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро сазовор шуд. Дар мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков (-73), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Полша Адам Стадолски пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари Беларус Вадзим Шока шикаст хӯрд.

Комроншоҳ Устопириён (-90кг) низ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Перу Юта Галаррета Вилларро мағлуб кард, аммо дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Маммадалӣ Меҳдиев мағлуб шуд.

Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври аввал бар ҳарифаш Наор Итаҳи исроилӣ ғолиб омад, вале дар даври минбаъда аз варзишгари Нидерланд Йур Сиперс мағлуб гардид.

Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ин дуюмин мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2021 мебошад. Хотиррасон мешавем, ки  моҳи январи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

Мардон

Қаюмзода Абумуслим -60кг
Суфиев Баҳром -66кг,
Сафаралиев Алиҷон – 66кг
Сомон Маҳмадбеков -73кг
Беҳрӯзи Хоҷазода -73кг
Акмал Муродов -81 кг
Назаров Ҳақназар -81кг,
Комроншоҳи Устопириён — 90кг
Саидҷалол Саидов -100 кг
Раҳмон Мансур -100кг
Темур Раҳимов +100кг
Шакармамад Мирмамадов +100кг

Зан

Шоҳида Қаландарова — 63 кг

Февраль 24, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мавқеашро беҳтар намуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Панҷшер» дар сафар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби занонаи Русия ва Озарбойҷонро доварӣ мекунанд
9 варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок мекунанд
Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд