Шералӣ Кабир: Новобаста аз пандемия дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва 6500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт

Февраль 16, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба пандемияи COVID-19 соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа 6500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Ин раванд пайки некест аз татбиқи яке аз ҳадафҳои  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии  мамлакат.

Вазири саноат ва  технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир  имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав  ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот  истеҳсол гардид, ки он 4,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшудаи  саноатиро ташкил медиҳад.

Аз корхонаҳои нави саноатие, ки соли сипаригардида ба фаъолият оғоз намуданд, 39 ададаш дар вилояти Суғд, 37 адад дар вилояти Хатлон, 33 корхона дар шаҳри Душанбе, 20 корхона дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 13 корхона дар Бадахшон ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа қариб 2200 нафар бо ҷойи нави корӣ  таъмин гардиданд. Аз ин омор  868 нафар ба шаҳри Душанбе, 584 нафар ба вилояти Суғд, 363 нафар ба вилояти Хатлон, 189 нафар ба навоҳии тобеи марказ ва 144 нафар ба Бадахшон рост меоянд.

Шералӣ Кабир зикр кард, ки соли 2020 барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти нави  технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат  6 миллиарду 411 миллион сомонӣ ё маблағҳои дохилии корхонаҳо равона  карда шудаанд, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 қариб 300 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Танҳо дар соҳаи  истихроҷи канданиҳои фоиданок ва  коркард ба маблағи 1 миллиарду 180 миллион сомонӣ, дар соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ  ва об ба маблағи 5 миллиарду 231,1 миллион сомонӣ техника ва  таҷҳизоти нави технологӣ ворид гардидаанд.

Февраль 16, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад