Соли 2021 «Озмуни деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Озмуни деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст мегардад. Барои баргузории озмун Низомномаи он аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ғолибон диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда мешаванд.
Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Мавсуф афзуд, ки озмуни мазкур давоми се сол аст, ки дар мамлакат ҷараён дорад.
Зикр шуд, ки аз зиёда аз 25 ҳазор иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдшаванда соли 2020 дар саросари мамлакат 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣсохта шуданд. Бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, ки бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар ҳамоҳангозӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва тасдиқ гардиданд.








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд






