Сомон Ҳабибов дар мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Россия ба гирифтани медали тилло шарафёб шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов Сомон Ҳабибов 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Россия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Дар ин бора аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Ин мусобиқаи варзишӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои макотиби олии низомии Вазорати мудофиаи Россия ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи ин кишвар дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург — курсанти Донишкадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Россия дастболо шуд.
Хотиррасон мешавем, ки то замони дохил шудан ба мактаби олии ҳарбӣ Сомон Ҳабибов назди мураббӣ Мирзо Шамсиев тамрин мекард.
Сомон Ҳабибов айни замон аз ду дастаи муштзании КМВА (ССКА) ва «Дастаи бокси Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)» намояндагӣ мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






