Сулаймон Султонзода: Соли 2020 тавассути тадбирҳои андешида 84,9 фоиз зарари молиявӣ барқарор гардид

Февраль 16, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли 2020 мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 811 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 348,8 миллион  сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешида аз ин маблағ 295,9 миллион сомонӣ ё 84,9 фоиз барқарор карда шудааст. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 76,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 219,6 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия  Сулаймон Султонзода 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф иброз намуд, ки таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра шумораи бештари ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – 177 адад, соҳаҳои маориф ва илм — 136, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 104, кишоварзӣ — 101, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 66, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ — 99, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ — 163, дигар идораю корхонаҳои давлатӣ — 411, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон — 835   ҷиноят содир гардидааст.

Сулаймон Султонзода афзуд, ки 60 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур дар асоси санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шудаанд. Ҳамзамон ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 1015 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 127 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шуданд.

Февраль 16, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад